Медицинские термины "Хидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб" Ахвайни Бухорои

  • Автор:
  • Специальность ВАК РФ: 10.02.22
  • Научная степень: Кандидатская
  • Год защиты: 2004
  • Место защиты: Душанбе
  • Количество страниц: 217 с.
  • Стоимость: 250 руб.
Титульный лист Медицинские термины "Хидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб" Ахвайни Бухорои
Оглавление Медицинские термины "Хидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб" Ахвайни Бухорои
Содержание Медицинские термины "Хидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб" Ахвайни Бухорои
1.1 .Назарияи истилох ва номвожа
1.2 Дадимтарин осори илмии форсии тодикй
1.3.Накдш “Хидоятулмутааллимин фит тиб”-и Ахвайнии Бухорой дар ташаккули истилохоти илмии забони точикй
1.4.Роххои асосии истилохсозиву истилохнигорй дар “Хидоятулмутааллимин”
Боби 11.Истилохоти форсиасли тиббии “Хидоятулмутааллимин”-и Ахвайнии Бухорой
11.1.Истилохоти анатомии асар
11.2.Истилохоти дорушиносии асар
11.3.Истилохоти ифодакунандаи номи амроз,холатх,ои
табий ва нотабиии андом
БобиШ.Истилохоти тиббии иктибосии“Хидоятулмуталлимин”
111.1.Назарияи икдибос ва калка
111.2.Истилохоти тиббии арабии асар
111.3.Истилохоти тиббии юнонии асар
111.4.Истилохоти тиббии хиндии асар
Хулоса
Замима
Фехристи адабиёт
МУКАДЦИМА
Балогати забони форсии точикй хамчун забони шеъру адаб зиёда аз сездах карн боз оламро тасхир кардаву тавонмандии он дар таълифоти осори шшй низ тайи хазор сол кабл падид омадааст. Хдтто назари гузарое ба ин осор нишон медихад, ки хануз дар асрхои ІХ-Х бо ин забон нигоришоти мукаммале дар илмхои таъриху фалсафа, риёзиву хандаса, нучуму дугрофиё ва тиб арзи вучуд кардааст.
Зимнан иброз бояд дошт, ки забони услуби илмй ва истилохоти илмй инъикоси вокеъияти тавонмандии забони миллй, сатхи рушду нумуи илм ва тафаккуру истикдоли миллат аст. Истилох дорои хусусиёти махсуси сохтмонй ва маъной буда, натичаи тафаккури муаллиф, ки як чузъи чомеа мебошад, дар он ифода мегардад. Илова бар ин, системаи истилохот дар рохи ошной ба донишхои нави умумибашарй ва таъмини таносуби мафхуму ном замина ба вучуд меорад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар шароити феълй бо дигар шудани авзои сиёсии чомеа ва афзудани ниёзхои ичтимоиву фархангии мардум, зарурати таълифи китобхои дарсй ва пажухишхои илмй ба забони модарй, корбурди вожахои нав барон ифодаи мафохими тозаи илмй харчи бештар ахамият пайдо мекунад. Дар чунин маврид тахкику таъйин ва пажухиши амики вежагихои вожаву истилохоти осори илмии гузаштагон аз як су, сабку нигориши ин осор, аз суйи дигар, хамчунин натичагириву корбурд аз он чавобгуйи ниёзхои ахли чомеа дар мархалаи кунунй хохад буд.
Мутаассифона, пахлухои таърихи ташаккул ва тахаввули услуби илмии забони форсй-точикй, истикрору шевахои истилохсозиву истилохгузинй дар ин забон то имруз ба таври густурдаву амик,
забони ибрй), "Нуктаи дурро ба хиндй авч (ауча) хонанд, ай баландй ва хамчунин ба юнонй афичиюн (апогей) хонанд, ай дуртарин дурй". "Ва нуктаи наздикро ба юнон афричиюн (перигей) хонанд, ай наздиктарини дурй" (218.494, 233, 232, 232, 116), "Ва ин бемориро (кобусро) ба зуфони бухорй сукоча (яракони бухорй) ва ба зуфони сугдй фадранчак хонанд" (212.249).
4. Равиши чустучу, ихтироъ, сохтани вожахо ва истилохоти нав. Муаллифон бо риояи вежагихои меъёр ва кавоиди дастурии забони форсии дарй ва бо истифода аз имконоти дохилии худи забону аносири иктибосй истилохоти нав сохтаанд. Чунончи, калимахои аслии точикй бар ивази истилохоти арабй истифода шудаанд: гирифтани шикам ба чойи кабзият. par задан - хичомат.фузунй-хадба. бемории тез-амооэи ходда, шитобзада -учул. дама-зикуннафас. устухони бел-китф. хоя-байза. устухони шикан- касарат-ул-узом. устухони чашмаи сари зону-айнурракаба. устухонхои кажак- азлоъ-ул-халф (212:45, 90, 261, 276, 328, 330, 621, 626, 628, 706) ва ситабр ба чойи умк (6.60) ва ба маънии борик (212.196), сутуни рост - устувонаи коима. сутуни каж-устувонаи моила (217.26, 27). якон (ахад). дахгон Гашарот). садгон (миъун). хазооон (улуФ). панчпахлу. шашпахлу. хатти нимрузон (хаттузавол) (218.47, 47, 65).
5. Зимнан, вожахо ва истилохоти иктибосй (арабй, юнонй, хиндй ва г.) мутобики меъёр ва конунхои дастурии забони форсии дарй корбаст шудаанд. Тавзехан, истилохоти арабй вобаста ба он, ки забонхои арабиву форсй дар ифодаву баён то андозае коидахои овозии умумй доранд, бетагйир мондаанд: амъо. кобиз. дуъоб. халк. хайз. сафро. хусиятайн. зот-ул-чанб. зотуррия 1212:406. 407, 301, 535, 119, 519, 545, 79, 116). Истилохоти юнониву хиндй ва г. вобаста ба такозо ва рухи забони форсии дарй ба тагйири овозй дучор шудаанд. Зикр кардан

Рекомендуемые диссертации данного раздела