Мавлави Джунуни и его Маснави "Ма,Дан-Ул-Хол"

  • Автор:
  • Специальность ВАК РФ: 10.01.03
  • Научная степень: Кандидатская
  • Год защиты: 2004
  • Место защиты: Душанбе
  • Количество страниц: 171 с.
  • Стоимость: 230 руб.
Титульный лист Мавлави Джунуни и его Маснави "Ма,Дан-Ул-Хол"
Оглавление Мавлави Джунуни и его Маснави "Ма,Дан-Ул-Хол"
Содержание Мавлави Джунуни и его Маснави "Ма,Дан-Ул-Хол"
МУНДАРИДА
Мукаддима
Боби
иещирози ИДЕОЛОГИЯМ ДИНИИ Х,УКМРОН ВА ПУРЗУР ШУДАНИ РУХИ МУХОЛИФАТГАРЙ ВА БИДЪАТ ДАР ХАЁТИ СИЁСИЮ ИДТИМОЙ ВА АДАБИИ МОВАРОУННАХР ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX 10
Боби II.
РУЗГОР ВА ОСОРИ МАВЛАВИИ ДУНУНЙ
1. Зиндагиномаи Мавлавии Дунунй
2. Мероси адабии Дуну ни
а) Тавсифи нусхахои хаттии осори Дунунй
б) Аксоми шеърй ва мухтавои осори
бадеии Мавлавии Дунунй
Боби III.
СОХТ ВА МУНДАРИДАЙ «МАЪДАНУЛХОЛ»-И МАВЛАВИИ ДУНУНЙ
1. Маъхазхои «Маъданулхол»
2. Сохт ва мазмуни «Маъданулхол»
2.1. Банду баст ва ягонагии асар
2.2. Мундаричаи китоби «Маъданулхол»
а) Мундаричаи дафтари якуми «Маъданулхол»
б) Мундаричаи дафтари дуюми асар
в) Мундаричаи дафтари сеюм
г) Мундаричаи ддфтари чахорум
Мухтассоти вазни «Маъданулхол»
3. Хулоса
Фехристи адабиёт
Мукаддима
Дар таърихи афкори адабии халки тоник карни XIX яке аз мархилахои мухим ва сермахсул буда, аз лихози мазмуну мундарина ва нихатхои сабкиву услубии худ дорой хусусиятхои фарккунанда мебошад. Аз лихози теъдоди шоиру нависандагон низ давраи мазкур яке аз мархалахои пурсамар буда, ба майдони адабиёт Ахмади Дониш, КДри Рахматуллохи Возех, Абдулкодирхонаи Савдо, Шамсиддини Шохин, Мирзо Сирони Хаким, Мирзо Содики Муншй, Дунайдуллохи Хозик, Мухаммадшарифи Гулханй, Нозили Хунандй ва дигаронро оварда тавонистааст.
Дуруст аст, ки адабиёти карни XIX Мовароуннахр ва рузгору осори намояндагони алохидаи он дар тадкикоти пурарзиши адабиётшиносон Р. X. Ходиз°Да (154), С. Амиркулов (81), У. Каримов (112), Т. Неъматзода (135), А. Н. Болдырев (95), С. Сиддиков (11), X. Мирзозода (128), И.С. Брагинский (92), Н.Маъсумй (123), А. Кдюмов (152), Э. Шодиев (149), Р. Арзибеков (83) ва дигарон мавриди тахлилу тадкик карор гирифтааст. ХамчУнин Д<ф бораи баъзе лахзахои рузгору осори намояндагони давраи мазкури тахаввули адабиёти Мовароуннахри асри XIX дар «Тухфатулахбоб»-и Возех, «Мачмуаи шоирон»-и Фазлии Намангонй, «Мунтахабуттаворих»-и Хочй Хакимхон, «Тазкиратушшуаро»-и Мухтарам, «Гулшанулмулук»-и Мухаммад Яъкуб, «Тазкиратушшуаро»-и Хашмат> «Тазкиратуш-шуаро»-и Абдй, «Тазкорулашъор»-и Садри Зиё ва баёзу чунгхои марбут ба ин давра низ маълумоти пуркимат оварда шудааст.
Дар бораи вазъи сиёсй-ичтимоии давраи мазкури тахаввули адабиёти Мовароуннахр дар осори илмй-тадкикотии А. М. Баховаддинов (94), 3. Рачабов (143), Б.Гафуров (159), И. Муминов (132), маълумоти кофй метавон ба даст овард. Хамчунин дар «Намунаи адабиёти точик»-и С. Айнй, маколаву гузоришоти чудогонаи
А.Мирзоев, Ш. Хусейнзода, X. Мирзозода, Р. Мукимов, Г. Галимова, Э.
Равзаи пайгамбарону авлиё,
Карда хокашро ба чашмаш тутиё.
Буе аз хар гулшани донаш кашид,
Хдр хуме, ки дид, аз у чуръа чашид.
Хдмчу хуршед сойири руи замин,
Сайри чонаш олами айнулякин.
Мавд мезад хамчу дарё хар тараф,
Бар умеде гавхараш, ояд ба каф... (27,716).
Нихоят, гавхари максуде, ки шоир ба каф овардан мехост, дар Багдод барои у муяссар гардид. Ин мадсуди у зиёрати Сайид Бавсулаъзам Абдулкодири Гелонй- бунёдгузори маслаки кодирияи тасаввуф буд, ки шоир бо ин пири тарикат хануз дар 25 солагиаш дар мурокаба мусохиб шуда ва аз вай дуо гирифта буду худро аз зумраи муридони у махсуб медонист. Дунунй мудцате кадамгохи Гавсулаъзамро макони идомати худ карор дода, мехост, ки ин пири тарикатро дар мурокаба дарёбад. Окибат, риёзатхои ÿ самари нек ба бор овард ва шабе Абдулкодири Гелониро дар мурокаба дида, файзи рухонй бардошт ва вазъу холати рухонии у ба куллй дигаргун гашта, нисбати гавсй ба худ пазируфт. Дар идомаи накли киссаи сафари худ ба байти зулминан дар «Маъданулхол» шоир дараёни ин зиёрат ва натидаи онро чунин ба калам медихад:
Лутфи яздонй ба фарёдаш расид,
Нисбати тавсй зи Батдодаш расид.
Кдсди у тавфи зиёрат карданй,
Равзаи хазрат икомат карданй.
Мулки Шому дар дахи мохи шариф,
Буд андар такяи у муътакиф... (27,716).
Дунунй баъди зиёрати кадамгохи Абдулкодири Гелонй дар рузи дахуми мохи Рамазон ба суи Шом рох пеш гирифт. Дар ин овон шабе дар хоб падари худро дид, ки уро сахт дар огуш гирифта бо илтидо

Рекомендуемые диссертации данного раздела